Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Обама хостори тафтиши резиши нафт дар халиҷ шуд


Барак Обама, раисиҷумҳури ИМА, барои таъсиси комиссиюни вижаи тафтиши сабабҳои ихроҷи нафт дар халиҷи Мексика амр содир кард. Ин комиссиюн ҳамчунин амнияти тарҳҳои нафтӣ, системи ҳамоҳангсозӣ ва муҷаввиздиҳӣ дар бахши тиҷорати нафтро тафтиш хоҳад кард. Рӯзи душанбе Крис Ойнес, раҳбари Барномаи истифодаи манобеъи давлатии Амрико истеъфо дод. Ӯ дар он айбдор мешуд, ки барои ҷилавгирӣ ва рафъи паёмадҳои фалокати муҳитизистӣ дар халиҷи Мексика аз чораҳои кофӣ кор нагирифтааст.
Бар асари ихроҷи нафт аз чоҳи тахрибшудаи ширкати Бритиш петролеум миқдори бузурги нафти хом ба обҳои халиҷи Мексика рехт. Барак Обама зимни боздидаш аз аёлати Луизиана дар аввалҳои моҳи май гуфта буд, ки резиши нафт дар Халиҷи Мексика метавонад ба як фалокати муҳитизистии “бесобиқа” дар Амрико табдил шавад. Ӯ дар ин ходиса ширкати “Бритиш Петролиум”-ро айбдор намуд. Рӯзи шанбе Кохи сафед аз ин ширкати нафтӣ хост, ки масъулияташ барои ҷуброни хисороти резиши нафт дар халиҷи Мексикаро тасдиқ кунад.
XS
SM
MD
LG