Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Куштори ваҳшиёна ду имом дар Бақуба


Дар шаҳри Бақубаи Ироқ ду имоми суннимазҳаб, ки дар маъвизаҳои худ ба зарурати аз байн бурдани терроризм таъкид мекарданд, ба таври ваҳшиёна кушта шуданд. Ба иттилоъи низомиёни ироқӣ, афроди ношинос яке аз онҳоро сар бурида, дигариро дар пеши чашми аҳли хонавода тирборон кардаанд. Масъулияти куштори Шайх Абдулло Шукур ва Шайх Ҳошими Орифро ҳанӯз гурӯҳе бар дӯш нагирифтааст ва аммо низомиёни ироқӣ ангушти иттиҳом сӯи мусаллаҳони шабакаи “Ал-Қоида” кардаанд. Бақуба, ки дар шимоли Бағдод ҷойгир аст, замоне аз такягоҳҳои “Ал-Қоида” дар Ироқ маҳсуб мешуд.
XS
SM
MD
LG