Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Олбрайт аз тарҳи ислоҳоти НАТО ҳимоят кард


Вазири умури хориҷии Амрико, Маделейн Олбрайт, ки дар садри як гурӯҳи кории 12-нафарӣ роҳҳои ислоҳи Паймони Атлантики Шимолӣ ё НАТО-ро пешниҳод кардааст, гуфт, ба иҷрои онҳо эътилоф наметавонад мавқеи худро дар ҷаҳони муосир ҳифз кунад. Вай дар шарҳи пешниҳодҳои гурӯҳи корӣ гуфт: "Ман фикр мекунам, ин рӯшан буд, ки паймон дар садаи 21 ба тағйир ниёз дошт, зеро таҳдидҳо хеле мутафовитанд ва ман инро навсозии шиорамон мешуморам, ки НАТО наметавонад иҷоза диҳад, ки таҳдидҳои садаи 21 сарваронро аз ҳам ҷудо кунанд ва иродаи муштараки моро заиф намоянд ва муҳим аст, мо дар ин марҳила дарк кунем, ки кистему чӣ гуна амал хоҳем кард."
Бино бар ин пешниҳодҳо НАТО бояд ҷангро дар Афғонистон барад, равобиташ бо Русияро густариш диҳад, ба таҳдид мушакии Эрон омода бошад ва амнияти 28 узви худро тазмин кунад. Ин нукотест, ки гурӯҳи 12-нафараи коршиносон таҳти сарварии собиқ паймон пешниҳод кардааст. Дабири кулли НАТО, Андерс Фоғ Расмуссен гуфт, ин тавсияҳо нишондиҳандаи масъалаҳои асосии имрӯзаи паймонанд ва бояд ҳалли худро ёбанд. Охирин бор назарияи паймони НАТО дар соли 1999 зимни нақши он дар Боснӣ ва Косово тағйир карда буд.
XS
SM
MD
LG