Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Аксари рабудашудагони покистонӣ наҷот ёфтанд


Мақомоти Покистон мегӯянд, аз 60 нафаре, ки ситезаҷӯён дар минтақаи ноороми ҳаммарз бо Афғонистон рабудаанд, 50 нафарашон озод шуд. Одамрабоӣ дар минтақаи Чапррай дар ҳоле ба вуқӯъ пайваст, ки мусаллаҳон корвони мошинҳоро боздоштанд ва онҳоро ба самти номаълум бурданд. Дертар одамрабоён 40 нафарро раҳо карданд ва 10 нафари дигар худ фирор намуданд. Ҳоло дар дасти онҳо 10 рабудшуда боқӣ мондааст, ки барои озодии онҳо гуфтушунид идома дорад.
XS
SM
MD
LG