Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

"Зеромакс"-и Гулнора Каримоваро бастанд


Бино ба хабарҳо, ҳукумати Узбакистон рӯзи душанбеи ин ҳафта ширкати бузурги “Зеромакс”-ро баста ва ҳама суратҳисобҳояшро мунҷамид кардааст. Мақомоти Тошканд дастури боздошти Ғулом Имомназаров, муовини раиси ин бузургтарин ширкати хусусии Узбакистонро низ содир кардаанд.
“Зеромакс”, ки қароргоҳи асосиаш дар Швейтсария аст, ба Гулнора Каримова, духтари президенти Узбакистон Ислом Каримов марбут дониста мешавад, назорати соҳоти пурдаромаде, чун газу истихроҷи маодин ва сохтмонро дар Узбакистон дар даст дошт.
Намояндагони “Зеромакс” дар шарҳи сабаби қаҳри давлати Узбакистон аз ин ширкат оҷизӣ мекашанд, вале мегӯянд, мақомот ширкатро аз риштаи газ комилан берун андохта, чанд тарҳи сохтмониаш, аз ҷумла бунёди қароргоҳи Гулнора Каримова ва ҳам варзишгоҳи ҷадид барои тими футболи “Бунёдкор”-ро, ки низ ба “Зеромакс” тааллуқ мегирифт, низ мунҷамид кардаанд.
XS
SM
MD
LG