Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Дар ин шаҳр Худоро фурӯшанд


Дар ин шаҳр шоҳу гадоро фурӯшанд
Ману ту кӣ бошем? Худоро фурӯшанд

Дар ин ҷумъабозори чори ҷавонон
Ҷавониву ҳусни расоро фурӯшанд

Заминро ба Чину фазоро ба Мочин
Замину замону ҳаворо фурӯшанд

Чу номус колои бозориён шуд
Ҳама гавҳари бебаҳоро фурӯшанд

Худиро дар ин шаҳр бегона дидам
Ба бегона сад ошноро фурӯшанд

Дар ин шаҳр ашрор болонишинанд
Хирадмандиву порсоро фурӯшанд

Ҳама чиз андар хариду фурӯш аст
Каломи Худову дуоро фурӯшанд

Малоки каромат ҷоҳу ҷалол аст
Дигар ҳар чӣ бошад шуморо, фурӯшанд

Ҳаметарсам аз бозгаштам ба ин шаҳр
Ҳаметарсам аз ин ки моро фурӯшанд

Беҳрӯзи Забеҳулло. Вебблоги Рӯзҳо ва Розҳо
XS
SM
MD
LG