Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Вазъ дар Ӯш ва Ҷалолободи Қирғизистон


Хабарнигори бахши қирғизии радиои Озодӣ аз шаҳри Ӯш иттилоъ дод, ки баъд аз вуруди вазири дифои ҳукумати муваққати Қирғизистон ба шаҳри Ӯш миёни ҳайати ҳукумати муваққатӣ ва ҷонибдорони Қурмонбек Боқиев -раиси ҷумҳури барканоршуда музокира анҷом гирифт ва онҳо бинои ҳукумати вилоятиро озод карданд. Дирӯз дар ҷараёни як тазоҳурот ба сарпарастии Мамасодиқ Боқиров-раиси барканоршудаи вилоят тазоҳуркунандагон ба бинои ҳукуматӣ ҳамла бурданд ва онро ба тасарруфи худ дароварданд. Тибқи хабарҳо, интизор меравад, ки имрӯз дар посух ба тазоҳуроти дирӯзи ҷонибдорони Боқиев ҷонибдорони ҳукумати муваққатӣ дар шаҳри Ӯш тазоҳуроти ҷавобӣ анҷом диҳанд.Аммо дар Ҷалолобод тазоҳуроти ҷонибдорони Қурмонбек Боқиев ҳамчунон идома дорад ва онҳо бинои ҳукумати маҳаллиро ба тасарруфи худ даровардаанд.
XS
SM
MD
LG