Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Кӯмакҳои мардумӣ ба осебзадагони обхезии Кӯлоб


Ҳазорон нафар аз шаҳрвандони Тоҷикистон дасти кӯмак ба осебзадагони обхезии Кӯлоб дароз кардаанд. Ба ғайр аз шаҳрвандони алоҳида инчунин корхонаву муассисаҳои давлаттӣ ва ғайридавлатӣ низ ба андозаи тавони худ талош мекунанд, ба вазъи офатрасидагон сабукие оранд. Ба иттилои хабаргузории "Авеста" идораи бозори "Сафариён"-и шаҳри Душанбе аз номи соҳибкорон ба Кӯлоб 8,5 тонна маводи ғизоӣ фиристодааст ва ҳамчунин тасмим дорад, дар Кӯлоб ду бинои истиқоматӣ созад. Як гурӯҳ аз соҳибкорони афғонистонии муқими Тоҷикистон ба осебзадагони Кӯлоб 170 000 сомонӣ фиристодаанд. Кормандони Радиои Озодӣ низ дар садади имдод ба осебрасидагони обхезиянд.
XS
SM
MD
LG