Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Обама ва Карзай дар Кохи Сафед мулоқот карданд


Барак Обама-раиси ҷумҳури Амрико аз ҳакориҳои "густарда ва амиқ"-и Амрикову Афғонистон ситоиш кард ва гуфт, ки вай ва Ҳомид Карзай-раиси ҷумҳури Афғонистон, ки ҳоло машғули боздид аз Амрикост, ҳадафҳои худро дар бораи шикаст додани Ал Қоида аз сар гирифтаанд. Баъд аз музокирот дар Кохи Сафед дар як нишасти хабарии муштарак бо Ҳомид Карзай Обама гуфт, нируҳои зери фармондеҳии Амрико дар Афғонистон дар ҷараёни амалиёт бар зидди шӯришиён аз ҳама чораҳо кор хоҳанд гирифт, то ғайринизомиён талаф наёбанд. Обама аз пешрафтҳои Карзай дар мубориза бар зидди ришвахорӣ ёдовар шуд, вале гуфт, ки дар ин роҳ бештар бояд мубориза кард. Карзай қавл дод, ки аз манобеи молӣ хеле боэҳтиёт истифода мекунад. Обама афзуд, Амрико аз талошҳои Афғонистон дар бораи боз кардани дарҳо барои музокира бо Толибон ҷонибдорӣ мекунад. Чунин музокира бо Толибоне анҷом хоҳад гирифт, ки бо Ал Қоида иртибот надоранд ё иртиботи худро қатъ кардаанд.
XS
SM
MD
LG