Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Дмитрий Медведев раиси ҷумҳури мустақил аст?


Назархоҳиҳои ахир дар Русия нишон медиҳад, ки танҳо 22 дарсади шаҳрвандони ин кишвар бовар доранд, ки Дмитрий Медведев чун раиси ҷумҳур сиёсатҳои худро мустақилона тарҳрезӣ мекунад. Баъд аз ду соли раёсати Медведев 7-ӯми май ин назархоҳиро маркази Левада дар Маскав анҷом дод. 70 дарсади назардиҳандагон аз раёсати вай ҷонибдорӣ мекунанд. Вале 66 дарсад гуфтаанд, ки Медведев зери контроли Владимир Путин-нахуствазири Русия ва дастаи вай қарор дорад.
XS
SM
MD
LG