Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Дар Афғонистон ду сарбози амрикоӣ кушта шудаанд


Низомиёни НАТО дар бораи ҳалокати ду сарбоз бар асари инфиҷори минаи канори раҳ дар ҷануби Афғонистон хабар доданд. Полковники амрикоӣ Вейн Шанкс имрӯз тайид кард, ки кушташудагон сарбозон аз Иёлоти Муттаҳидаанд. Дар изҳороти Паймони НАТО дар робита ба ин ҳодиса дар бораи ҳуввияти сарбозон чизе гуфта нашуда буд.
Дар ҳамин ҳол вазорати умури дохилаи Афғонистон хабар дод, ки нерӯҳои афғон ва НАТО имрӯз дар волусволии Сангини вилояти Ҳилманд 18 тан аз ошӯбгаронро кушта шаш нафари дигарашонро асир гирифтанд.
XS
SM
MD
LG