Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҳалокати 14 нафар дар зарбаҳо ба Вазиристони шимолӣ


Дар шимолу ғарби Покистон бар асари зарбаҳои мушакии нерӯҳои амрикоӣ 14 нафар кушта ва чаҳор тани дигар маҷрӯҳ шуданд. Ҳуввияти қурбониёни ҳамла то ҳол мушахаас нашудааст. Ба навиштаи хабаргузориҳо, ҳавопаймоҳои бидуни сарнишини амрикоӣ ба паноҳгоҳҳои эҳтимолии ошӯбгарон дар Вазиристони шимолӣ 12 зарбаи мушакӣ зааданд. Бар асари ин ҳамла як тамрингоҳи ҷунбиши “Толибон” хароб карда шудааст.
Дар Вазиристони шимолӣ, минтақаи ҳаммарз бо Афғонистон, толибони покистонӣ ва мусаллаҳони шабакаи “Ал-Қоида” панаҳ бурдаанд.
XS
SM
MD
LG