Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Меркел аз бунёди "сипар"-и евро ҳимоят кард


Сарвазири Олмон Ангела Меркел таъсиси хазинаи дифоъ аз евроро сипари евро дар муқобили ҳамлаи бозорҳои бурс номид ва дар ҳоле ки интихобкунандагон дар Олмон аз ин тасмим хушҳол нестанд, чунин гуфт: "Ин маҷмӯа маънии таҳким ва ҳимоят аз пули ягонаи моро дорад. Ин як иқдоми бесобиқа дар таърихи евро ва Иттиҳоди Аврупост ва мо дар шароити фавқулодае аз пули худ ҳимоят мекунем. Ва ба шаҳрвандони худ бояд бо ин ибора бигӯям, ки мо аз пули мардуми Олмон ҳимоят мекунем." Бонки Марказии Аврупо гуфт, қарзи давлатҳои минтақаи евроро аз онҳо харидорӣ хоҳад кард. Таъсиси хазина ба афзоиши қурби евро мусоидат кард.
XS
SM
MD
LG