Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Дастурҳои кӯмак ба осебзадагони минтақаи Кӯлоб


Раисиҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дастур дод, ки ба осебзадагони сел дар минтақаи Кӯлоб то расидани кӯмакҳои байнулмилалӣ аз буҷаи ҳукуматҳои маҳаллӣ кӯмак расонда шавад. Вай талаб кард, мардуме, ки аз манзил маҳрум гаштааст, бо манзили муваққатӣ таъмин гашта, то моҳи ноябр манзилҳои вайроншуда тармим ва ё хонаҳои нав сохта шаванд. Дар нишасти сарони кишварҳои Ҷомеаи муштаракулманофеъ, Раҳмон бо дархости ширкаткунандагони ҳамоиш аз вазъи осебзадагон гузориш дод ва изҳори умедворӣ кард, ки кишварҳои ҳамсуд ба онҳо кӯмак хоҳанд расонд. Дар робита ба обхезии Кӯлоб раисиҷумҳури Узбакистон, Ислом Каримов бо як дастури махсус ба вагонҳои ҳомили маводи ғизо ва масолеҳи бинокорӣ барои вилояти Хатлон, ки зиёда аз ду моҳ боз дар ҳудуди Узбакистон дармондаанд, иҷозаи убур дод. Хабаргузории давлатии "Ховар" мегӯяд, ин иқдоми башардӯстонаи раҳбари Узбакистон аз тарафи Тоҷикистон мусбат арзишёбӣ шудааст.
XS
SM
MD
LG