Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Дар Душанбе барои Рӯзи Ғалаба паради низомӣ барпо шуд


Имрӯз дар Душанбе ба муносибати Рӯзи Ғалаба, 65 солагии пирӯзӣ дар Ҷанги Дуввуми Ҷаҳонӣ бар Олмони нозӣ паради низомӣ барпо шуд. Дар парад воҳидҳои низомии Тоҷикистон мустақар дар шаҳри Душанбе, воҳидҳои марзбонӣ ва Кумитаи амнияти миллии Тоҷикистон ширкат карданд. Эмомалӣ Раҳмон дар оғози маросим суханронӣ кард ва гуфт, аз Тоҷикистон низ дар ин ҷанг 300 000 писарону духтарон низ ширкат кардаанд ва аз худ қаҳрмонӣ нишон додаанд.
XS
SM
MD
LG