Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Раъйдиҳии порлумони Юнон як рӯз баъд аз ошӯбҳо


Порлумони Юнон имрӯз ба барномаи сарфаҷӯиҳои ҳукумат раъй хоҳад дод. Ин раъйдиҳӣ як рӯз пас аз ҳалокати се шаҳрванди Юнон дар ошӯбҳои хиёбонӣ ба вуқӯъ мепайвандад. Интизор меравад, аз он ҷо ки ҳукумати сотсиалисти Юнон аксарияти кулли маҷлисро дар даст дорад, қонун ба осонӣ тасвиб хоҳад шуд. Даҳҳо ҳазор нафар рӯзи чаҳоршанбе бо эътироз аз ин барномаи давлат ба хиёбонҳо рехтанд ва бо нерӯҳои зиддишӯриши Юнон даргир шуданд. Онҳо аз коҳиши даромади худ ба хотири дарёфти кӯмаки Сандуқи байнулмилалии пул ва Иттиҳоди Аврупо, ки аз 160 миллиард доллар иборат хоҳад буд, норозиянд. Ин кӯмак қарор аст, Юнонро аз варшикстагӣ ҳифз кунад.
XS
SM
MD
LG