Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Нахуствазири Юнон ҳалокати тазоҳургаронро маҳкум кард


Тазоҳурот дар пойтахти Юнон шаҳри Афина дирӯз ба хушунат печид ва дар натиҷа се нафар аз тазоҳургарон ҳалок шуд. Георг Папандреу, нахуствазири Юнон ин ҳодисаро куштор хонд ва маҳкум кард: "Мо аз марги норавои се шаҳрванди худ ба ваҳшат афтодем, шаҳрвандоне ки қурбонии як куштор шуданд. Хушунати беназорат ба инҷо мерасонад ва бемасъулиятии сиёсӣ ҳам." Даҳҳо ҳазор нафар дирӯз ба хиёбонҳои Афина рехтанд, то алайҳи барномаи коҳиши хароҷоти давлатӣ эътироз кунанд. Юнон барои наҷоти кишвар аз муфлисӣ мехоҳад молиётро афзоиш диҳад, нафақаро кам кунад ва афзоиши музди корро мутаввақиф намояд.
XS
SM
MD
LG