Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Эрону Тоҷикистон лағви раводидро баррасӣ мекунанд


Эрон ба Тоҷикистон лағви раводид миёни ду кишварро пешниҳод кардааст. Давлат Назрӣ, сухангӯи вазорати умури хориҷаи Тоҷикистон, ба хабаргузориҳои маҳаллӣ гуфтааст, ки рӯзи 7 май машварати Раёсатҳои консулгарии вазоратҳои умури хориҷаи Тоҷикистону Эрон баргузор хоҳад шуд ва эҳтимол дорад, ки дар он мавзӯъи лағви раводид барои шаҳрвандони ду давлати ҳамзабон баррасӣ шавад. Сафорати Эрон дар Тоҷикистон низ таъйид кардааст, ки мавзӯъи лағви раводид дар меҳвари ин нишаст қарор хоҳад дошт. Айни ҳол як ҳайати вазорати умури хориҷаи Эрон таҳти раёсати Ҳасан Қашқавӣ, муовини раиси консулгарии ин вазорат, дар Тоҷикистон ба сар мебарад. Тибқи хабарҳо, имрӯз мулоқоти оғои Қашқавӣ бо муовини нахуствазири Тоҷикистон Руқия Қурбонова баргузор шуд. Қарор аст, ки дипломати воломақоми эронӣ бо раиси Маҷлиси намояндагон Шукурҷон Зуҳуров ва вазири умури хориҷа Ҳамроҳхон Зарифӣ ҳам дидору гуфтугӯ кунад.
XS
SM
MD
LG