Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ошӯбгарон ба шаҳри Нимрӯз ҳамла карданд


Имрӯз ошӯбгарон ба биноҳои маъмурии шаҳри Нимрӯз ҳамла карданд. Ба иттилоъи волии вилояти Нимрӯз Ғулом Дастагири Озод, чанд маргталаб худро дар даромадгоҳи дафтари волӣ инфиҷор карданд ва ба думболи он задухурди гурӯҳи дигари ошӯбгарон бо муҳофизон ба вуқӯъ пайваст. Ҳамзамон биноҳои маҷлис ва додгоҳи вилоят низ мавриди ҳамла қарор гирифтанд. Ба гуфтаи шоҳидон, дар шаҳр дасти кам ҳафт инфиҷор рух додааст.
Тибқи иттилоъи пешакӣ, дар ин ҳамлаҳо се нафар – як вакили маҷлиси вилоят ва ду корманди полис кушта ва 11 тани дигар маҷрӯҳ шудаанд. Талафоти гурӯҳи ҳамлагар маълум нест. Масъулияти ҳамларо то ҳол ягон гурӯҳ бар дӯш нагирифтааст.
XS
SM
MD
LG