Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

500 евро ҷарима барои пӯшидани бурқаъ


Пулиси шаҳри Новара, дар шимолуғарби Итолиё, як зани 26-солаи тунисиро бо ҷурми пӯшидани бурқаъ ба маблағи 500 евро ҷарима бастааст. Афсарони пулис ин занро замоне манъ карданд, ки ҳамроҳ бо шавҳараш дар кӯчаҳои Новара сайр мекард. Шавҳари ӯ ба афсарони мардина иҷозат надод, ки рӯи пӯшидаи завҷаашро бубинанд ва ба ин далел зани ӯро ҷарима бастанд. Бовар меравад, ки аз чунин навъи муҷозот дар Итолиё бори аввал истифода шудааст. Пӯшидани рӯ, ҳатто барои ронандагони мотосиклҳо дар Итолиё ҳанӯз аз соли 1975 ба ин сӯ манъ шудааст. Ин дар ҳолест, ки ҳафтае пеш Белгия нахустин кишваре дар Аврупо шуд, ки пӯшидани бурқаъ ва ниқоби мусалмониро аз тариқи қонун манъ кард. Тарҳи айни қонун феълан дар Фаронса дар маърази муҳокима қарор дорад.
XS
SM
MD
LG