Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Амрико бештар аз 5 ҳазор кулоҳаки атомӣ доштааст


Амрико нахустин бор аз захираи феълии силоҳҳои атомиаш иттилоъ дод ва гуфт, дар маҷмӯъ 5 113 кулоҳакҳои ҳастаӣ дорад, ки қисме фаъол қисме дар анбор ва бахши дигар ҳам ғайрифаъол мебошад. Вазорати дифоъи Амрико эълом кард, ки зарродхонаи ҳастаии Амрико дар замони Ҷанги Сард дар соли 1967 аз 31 ҳазору 225 кулоҳаки ҳастаӣ, онро 84 дар сад коҳиш дод ва то соли 1989 замони суқути Девори Берлин онро 75 дар сад кам кард. Ин иттилоъ, то кунун сирри давлатӣ буд. Эъломи мазкур дар ҳоле садо дод, ки дар Созмони Милал нишасти бозбинии Аҳдномаи манъи густариши силоҳҳои атомӣ идома дорад ва Ҳилларӣ Клинтон, вазири умури хориҷаи Амрико гуфт, шаффофияти "то ҳадди мумкин" дар барномаҳои атомӣ ба талошҳои эътимодсозӣ дар назорат ба силлоҳои атомӣ мусоидат хоҳад кард.
XS
SM
MD
LG