Додгоҳи Ҳиндустон як марди покистониро барои даст доштан дар ҳамлаи соли 2008 дар Мумбаи Ҳидустон гунаҳгор шинохт. Дар ин ҳамла 166 нафар кушта, беш аз 300 нафари дигар ҷароҳат бардоштанд. Муҳаммад Аҷмал Қасоб яке аз аъзои гурӯҳи тундрави Лашкари Таиба, яъне гурӯҳест, ки дар давоми се рӯз дар Мумбай ин ҳамлаҳоро созмондиҳӣ кард. Уҷвал Никам-додситони мардумӣ, ки ба парвандаи ҳамлаи Мумбай расидагӣ мекунад, чунин гуфт:
"Муҳаммад Аҷмал Қасоб дар додгоҳ бар асоси ҳамаи моддаҳо гунаҳгор шинохта шуд".
Қарор аст ҳукми додгоҳ пагоҳ, рӯзи сешанбе эълон шавад. Шояд Аҷмалро ба муҷозоти эъдом маҳкум кунанд.
"Муҳаммад Аҷмал Қасоб дар додгоҳ бар асоси ҳамаи моддаҳо гунаҳгор шинохта шуд".
Қарор аст ҳукми додгоҳ пагоҳ, рӯзи сешанбе эълон шавад. Шояд Аҷмалро ба муҷозоти эъдом маҳкум кунанд.