Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҳашт соли зиндон барои шаҳрванди Тоҷикистон


Додгоҳи ноҳияи Автозаводскаяи шаҳри Толяттии Русия шаҳрванди Тоҷикистон Иқболшо Орзуевро бо иттиҳоми фурӯши маводи мухаддир ба 8 соли зиндон маҳкум кард. Мақомоти Русия мегӯянд, аз манзили иҷораи Орзуев наздик ба якуним килограм ҳероин дарёфт кардаанд. Ба гуфтаи онҳо, ин шаҳрванди 38-солаи Тоҷикистон бори дувум аст, барои қочоқ ва фурӯши маводи мухаддир дар қаламрави Русия маҳкум мешавад.
XS
SM
MD
LG