Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҳалокати 25 нафар дар таркишҳои масҷиди Сомалӣ


Бар асари ду таркиш дар масҷиди шаҳри Могадишу, пойтахти Сомалӣ, ба камияш 25 нафар кушта ва наздики 70 нафар захмӣ шудаанд. Шоҳидон мегӯянд, таркишҳо дар лаҳзаҳое ба вуқӯъ пайвастанд, ки мардум машғули намозгузорӣ буданд. Касе ё гурӯҳе масъулияти ин ҳамларо бар дӯш нагирифтааст. Барои Сомалӣ ин аввалин воқеаи таркиш дар масҷид аст ва он ҳам дар ҳоле ки бахши аъзами Могадишу таҳти назорати исломгароёни марбут ба Ал-Қоида мебошад. Ин гурӯҳ се сол пеш ҳукумати Сомалиро барканор кард ва ба сурати умум дар 20 соли охир Сомалӣ натавонистааст, ҳукумати муассире сари кор дошта бошад.
XS
SM
MD
LG