Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Оғози маъракаи моякӯбии атфол дар Душанбе


Созмони Ҷаҳонии Беҳдошт мегӯяд, дар Тоҷикистон 19 мавриди гирифторӣ ба бемории фалаҷи атфол таъйид шудааст ва ба хотири ҷилавгирӣ аз густариши беморӣ воксинзании атфол дар шаҳри Душанбе ва шаш ноҳияи пойтахти он шурӯъ мешавад. Созмони Ҷаҳонии Беҳдошт мегӯяд, сарчашмаи сироятро ошкор кардаанд ва вируси мавҷуд дар Тоҷикистон зоҳиран вируси полиомелити ваҳшии навъи 1 аз аёлати Уттар Прадеши Ҳиндустон аст. Ба гуфтаи созмони мазкур дар Тоҷикистон, бештар аз 120 мавриди бемории фалаҷ сабт шудааст, аммо вуҷуди вируси ваҳшӣ на дар ҳамаи беморон таъйид шудааст. Бино ба гузоришҳо, ин беморӣ то кунун 10 нафар аксаран кӯдакони то 5-соларо дар Тоҷикистон куштааст. Вируси полиомелити ваҳшии навъи 1 асосан ба аъсоб сироят карда ва дар бадтарин ҳолат мекушад. Вазорати беҳдошти Тоҷикистон, аз моҳи май ба маъракаи густурдаи воксинзанӣ дар кишвар шурӯъ мекунад ва Созмони Ҷаҳонии Беҳдошт, Бунёди ҳимоят аз кӯдакони Созмони Милал, Маркази назорат бар бемориҳои Иёлоти Муттаҳидаи Амрико ва муассисаи имдодии "Ротарӣ Интернешнл" барои анҷоми ин маърака ба Тоҷикистон бештар аз 4 миллион ваксина додаанд.
XS
SM
MD
LG