Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Латукӯби бераҳмонаи хабарнигори рус дар Сочӣ


Як хабарнигори русро дар шаҳри Сочӣ башиддат латукӯб кардаанд. Бахши русии Радиои Озодӣ мегӯяд, Аркадий Ландер, сардабири пешини рӯзномаи маҳаллии “Местная” рӯзи душанбе мавриди ҳамлаи афроди номаълум қарор гирифта ва бо ҷароҳатҳои сангин дар сараш ба бемористон интиқол дода шудааст. Рӯзномаи “Местная” ки аксар вақт мақомоти Сочиро интиқод мекард, баъди интихоботи мақомоти маҳаллӣ дар моҳи январ дигар интишор нашуд. Аркадий Ландер мегӯяд, ҳамла ба ӯ ба фаъолиятҳои рӯзноманигориаш иртибот мегирад.
XS
SM
MD
LG