Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҳалокати 5 нафар дар садамае дар ноҳияи Ғончӣ


Шаби душанбе ба сешанбе бар асари як садама дар километри 256-уми шоҳроҳи Душанбе-Чаноқ, дар ҳудуди ноҳияи Ғончии вилояти Суғд 5 нафар ҳалок шуданд. Бино ба гуфтаи мақомоти милисаи вилояти Суғд, ронандаи як мошини “Нексия” аз ӯҳдаи идораи мошин баромада натавонист ва ба як мошини боркаши навъи МАЗ бархӯрд. Дар натиҷа ронандаи “Нексия” ва 4 мусофири он, ки ҳамагӣ сокинони рустои Яккатоли ноҳияи Истаравшан будаанд, ҳалок шуданд. Як моҳ пеш дар чунин як садама дар ҳудуди ноҳияи Ғончӣ 6 нафар ҷон дода буд.
XS
SM
MD
LG