Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ал-Ироқия бо ҳукми ҳайъати қазоия розӣ нест


Сарвазири собиқи Ироқ Иёд Алавӣ гуфт, эътилофи дунявии Ал-Ироқияи ӯ аз вакилони мудофеъаш хостааст, бозбинии қарори лағви орои 52 номзад ба вакилии парлумонро тақозо кунанд. Ин вукало бо иттиҳоми иртибот бо ҳизби манъшудаи Баъси Саддом Ҳусейн аз ҳаққи ваколат маҳрум шуданд. Иёд Алавӣ, ки дар як нишасти хабарӣ дар Анкара, пойтахти Туркия сӯҳбат мекард, гуфт, эътилофи Ироқия аз фаъолияти бархе гурӯҳҳои мушаххас, ки ҷараёнҳои сиёсӣ дар Ироқро таҳти назорат гирифтаанд, сахт нигарон аст. Қарори дирӯзаи ҳайъати қазоияи Ироқ натоиҷи интихоботи парлумонии моҳи мартро зери суол мебарад. Тибқи натоиҷи қаблӣ, эътилофи Ироқияи Алавӣ назар ба эътилофи Ҳукми қонуни сарвазир Нурӣ Моликӣ 2 курсии бештар ба даст оварда, бо касби 91 курсии маҷлис дар мақоми аввал буд.
XS
SM
MD
LG