Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Пуштибонии Эллиот Марӣ аз манъи ҳиҷоб


Вазири адлияи Фаронса Мишел Эллиот Марӣ аз тарҳи пешниҳодии қонуне, ки пӯшидани сатри исломӣ дар маконҳои иҷтимоиро дар ин кишвар манъ мекунад, дифоъ кард ва гуфт, ин тасмим ба занони мусалмон имкон хоҳад дод, худро бо шароити ҷомиаи дунявии Фаронса мутобиқ гардонанд.
Ба бовари хонум Марӣ, манъи пӯшидани ҳиҷобу сатр ба ҳамоиши бештари занони мусалмон мусоидат хоҳад кард ва аз он ба баъд шавҳароне, ки монеъи бо сару рӯи нопӯшида ба кӯча рафтани занони худ мешаванд, ба масъулият кашонида хоҳанд шуд. Мишел Эллиот Марӣ гуфт, Қуръон, китоби муқаддаси мусалмонон, саропо худро пӯшонидани занро талаб намекунад.
Раисиҷумҳури Фаронса Никола Саркозӣ ахиран амр дод, ки тарҳи қонуни манъи сатри исломӣ дар моҳи оянда ба маърази раъйгирии парлумон гузошта шавад.
XS
SM
MD
LG