Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

HRW ба таҳқиқи рӯйдодҳои Қирғизистон даъват кард


Созмони Дидбони ҳуқуқи башар аз раҳбарони ҳукумати муваққати Қирғизистон хостааст, рӯйдодҳои аввали апрелро, ки бар асари онҳо президенти ин кишвар аз мақомаш барканор ва аз кишвар ронда шуд, пажӯҳиш кунанд. Ин рӯйдодҳоро Дидбони ҳуқуқи башар шадидтарин намунаҳои хушунати сиёсӣ дар давраи истиқлолияти Қирғизистон унвон кардааст. Бар асари онҳо 85 нафар кушта ва садҳо нафар захмӣ шудаанд. Ду тараф ҳамдигарро масъули ин хушунатҳо меномад.
XS
SM
MD
LG