Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҳалокати боз як фармондеҳи аршади "Ал-Қоида" дар Ироқ


Дар Ироқ дар ҷараёни як амалиёти муштараки нерӯҳои амрикоӣ ва ироқӣ боз як фармондеҳи аршади шабакаи “Ал-Қоида” кушта шуд. Ба иттилоъи расмӣ, Аҳмад Ал-Убайдӣ фаъолияти ошӯбгарон дар вилоятҳои Киркук, Салоҳиддин ва Ниневоро ҳамоҳанг мекард. Рӯзи душанбе дар бораи аз байн бурдани ду раҳбари дигари ифротгароҳо Абу Аюйб Ал-Масрӣ ва Обӯ Умар ал-Бағдодӣ хабар расида буд. Намояндагони ИМА дар шарҳи ин хабарҳо гуфтанд, ки ба гурӯҳи “Ал-Қоида” дар Ироқ зарбаи ҷонкоҳ зада шудааст.
XS
SM
MD
LG