Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Сафари хориҷро ба Хотамӣ манъ кардаанд


Сомонаҳои ислоҳталаби эронӣ мегӯянд, тарки кишварро ба раисиҷумҳури собиқи Эрон Муҳаммади Хотамӣ манъ кардаанд. Сомонаи Parlemannews.ir, ки бино ба хабарҳо, аз сӯи яке аз хешовандони Хотамӣ раҳбарӣ мешавад, бидуни бурдани ном аз қавли як манбаъаш навишт, ки ин иқдом дуруст дар остонаи сафари барномарезишудаи Хотамӣ ба Ҷопон ба манзури ширкат дар анҷумани халъи таслиҳоти ҳастаӣ эълон шудааст. Далели манъи сафари хориҷа барои Хотамӣ гуфта намешавад.
Хабаргузории Франс Пресс низ навишт, ки пулис Хотамиро дар ҷараён гузоштааст, ки наметавонад тарки Эрон кунад.
Аммо ин хабар то ҳол расман тасдиқ ё радд нашудааст.
Муҳаммад Хотамии 66-сола дар интихоботи ахир дар муқобили Маҳмуди Аҳмадинажод аз номзади мухолифин Мирҳусейни Мӯсавӣ пуштибонӣ кард.
XS
SM
MD
LG