Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Шаҳодати тарснок дар мурофиаи Радован Караҷич


Радован Караҷич, раҳбари собиқи сербҳои босниро, дар мурофиаи додгоҳиаш дар шаҳри Гаага рӯзи сешанбе бо нахустин шоҳид рӯ ба рӯ карданд. Аҳмад Зулич, боснии мусулмон ба додрасҳои додгоҳи байналмилалӣ гуфт, сарбозони сербҳои боснӣ, падарарӯси солхӯрдаашро, зинда зери хок кардаанд. Радован Караҷич, дар посух ба шаҳодати Аҳмад Зулич, аз суолҳои печдарпечи зиёд кард ва додгоҳ аз ӯ хост, “асли мавзӯъро” бигӯяд. Мурофиаи додгоҳии Радован Караҷич, моҳи октябри соли гузашта шурӯъ шуд. Додгоҳи байналмилалӣ ӯро бар асоси 11 банд, ба ҷиноятҳои ҷангӣ, ҷиноят алайҳи башарият, наслкушӣ ва аз ҷумла куштори дастаҷамъии 11 ҳазор наврас ва мардони мусулмон дар маҳалли Сребренитса дар соли 1995 муттаҳам мекунад.
XS
SM
MD
LG