Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Эрон таҳқиқи ҳузури НАТО дар Афғонистонро хостааст


Эрон аз раҳбари СММ хостааст, ҳузури паймони низомии НАТО дар Афғонистону Ироқро таҳқиқ кунад. Раисиҷумҳури Эрон Маҳмуди Аҳмадинажод дар номае ба дабири кулли СММ Бан Кӣ Мун навиштааст, Абдулмалик Регӣ, фармондеҳи дастгиршудаи чирикиҳои балуҷ эътироф кардааст, ки гурӯҳи Ҷундуллоҳи ӯро кишварҳои узви НАТО пуштибонӣ мекарданд. Ҷундуллоҳ ба хотири дифоъ аз ҳаққи ақалияти суннитабори балуҷ дар ҷанубушарқи Эрон меҷангад. Эрон ин гурӯҳро масъули чандин бомбгузорӣ, ки мунҷар ба ҳалокати даҳҳо нафар шуд, мешиносад. Абдумалики Регӣ дар поёни моҳи феврал, бино ба хабарҳо, аз як ҳавопаймои Қирғизистон боздошт шуд.
XS
SM
MD
LG