Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Боқиев ҷонибдоронашро ба тазоҳурот даъват кард


Қурмонбек Боқиев-раиси ҷумҳури Қирғизистон баъд аз сарнагунӣ аз қудрат бори аввал дар маҳзари ом зоҳир шуд ва мухолифони худро муттаҳам кард, ки онҳо "бо зӯр" қудратро ғасб кардаанд. Вай ҳафтаи гузашта аз қудрат сарнугун шуд ва ҳоло мегӯяд, ки аз мақомаш истеъфо намедиҳад. Вай ин суханонро хитоб ба ҳамдеҳагонаш дар тазоҳуроте дар зодгоҳаш деҳи Тейит, воқеъ дар вилояти Ҷалолобод изҳор дошт. Бино ба маълумоти мавҷуда ҳангоме, ки пулиси зидди тазоҳурот дар Бишкек 7-ӯми апрел ба сӯи эътирозкунандагон оташ кушод, дастикам, 81 нафар кушта шуд. Онҳо бар зидди давлати Қурмонбек Боқиев эътироз мекарданд. Боқиев аз Бишкек фирор кард ва ба ҷои вай раҳбариро ҳукумати муваққат ба даст гирифт. Боқиев аз СММ хостааст, ки ба Қирғизистон нируҳои посдори сулҳ бифиристад, то онҳо дар ин кишвар низомро барқарор кунанд. Бино ба гузоришҳои расида аз Қирғизистон, Боқиев аз ҷонибдорони худ хостааст, ки аз рӯзи сешанбе ба баъд дар атрофи шаҳри Ҷалолобод ва шаҳракҳои дигар роҳпаймоиҳо анҷом диҳанд.
XS
SM
MD
LG