Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Андӯҳи сарони кишварҳо аз ҳалокати Качинский


Сарони кишварҳои гуногуни олам дар робита ба ҳалокати Лех Качинский ба мардуми Лаҳистон изҳори ҳамдардӣ мекунанд. Сарвазири Британия Гордон Браун гуфт, ки ин фоҷиа ӯро дар ҳоли шок қарор дода, сахт андӯҳгин кардааст. Раисиҷумҳури Афғонистон Ҳомид Карзай изҳор намуд, ки бо мардуми Лаҳистон ҳамдард аст ва барои Качинский дасти дуо мекушояд. Вазири умури хориҷаи Испания, ки раёсати даврии Иттиҳодияи Аврупоро бар дӯш дорад, изҳор намуд, Иттиҳодияи Аврупо дар ин лаҳзаҳои сангин Лаҳистонро танҳо нахоҳад гузошт.
Раҳбарони Русия, Фаронса, Олмон, Паймони НАТО ҳам ба Варшава барқияҳои ҳамдардӣ ирсол кардаанд.
XS
SM
MD
LG