Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Теъдоди қурбониёни суқути ТУ-154 мушаххас шуд


Бронислав Коморовский, раиси парлумони Лаҳистон, тайи 14 рӯзи оянда бояд санаи интихоботи қабл аз вақти раёсатҷумҳуриро эълон кунад. Баъд аз ҳалокати раисиҷумҳури Лаҳистон Лех Качинский бар асари суқути ҳавопаймо дар шаҳри Смоленски Русия, Раиси Сейм Коморовский муваққатан масъулияти раҳбарии кишварро бар дӯш гирифтааст. Ба иттилоъи хабарнигори Радиои Озодӣ, сарвазири кишвар Доналд Туск нишасти фаврии кобинаи вазиронро доир мекунад.
Ҳавопаймои ТУ-154 субҳи имрӯз дар канори фурудгоҳи шаҳри Смоленск суқут кард. Сергей Антуфев, волии вилояти Смоленски Русия, ба шабакаи телевизионии Россия-24 гуфт, ки ҳавопаймо ҳангоми нишастан ба шохаҳои дарахтони канори фурудгоҳ бархурдааст. Гуфта мешавад, халабонҳои ҳавопаймо барои фуруд дар ҳоле тасмим гирифтанд, ки минтақаро туман печонида буд. Тибқи иттилоъи ахир, дар ин ҳодиса 96 нафар - 88 мусофир ва 8 халабону роҳбаладҳои ҳавопаймои ТУ-154 ба ҳалокат расидаанд.
Бар пояи хабарҳо аз Варшава, миёни мусофирони ҳавопаймо ба ҷуз Качинский ва хонумаш, чанд вазири ҳукумат ва вакилони Сейми Лаҳистон, Раиси Бонки Марказӣ, раиси ситоди артиши Лаҳистон, номзад ба мақоми раисиҷумҳур Ежи Шмайдзинский ва муаррихони маъруфи лаҳистонӣ низ буданд.
Қарор буд, ки имрӯз Лех Качинский дар маросими ёдбуди қурбониён дар маҷмааи ёдгории “Хатин” дар вилояти Смоленск ширкат кунад.
XS
SM
MD
LG