Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Роҳҳои ғайримуқаррарии ҷалби маблағ барои Роғун


Мақомоти расмии Тоҷикистон, барои ҷалби маблағ барои бунёди нерӯгоҳи барқи обии Роғун роҳҳои ғайримуқарриро пеша кардаанд. Аз ҷумла Идораи бозрасии давлатии автомобилии Тоҷикистон мегӯяд, рӯзи 22 апрел, музоядаи фурӯши шумораҳои “зебои” мошинҳоро баргузор карда ва пули ба даст омадаи онро ба ҳисоби Роғун интиқол медиҳад. Қимати аввалияи як шумораи зебо 225 сомонӣ тақрибан 50 доллари амрикоӣ муқаррар шудааст. Рақамҳои давлатии мошинҳо ба мисли 7777, 5500, 4444 аз рақамҳои зебо маҳсуб мешавад ва ронандагон ҳам ба чунин рақамҳо майли зиёд доштаанд.
XS
SM
MD
LG