Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Нақшаҳо дар бораи тазоҳуроти бештар дар Қирғизистон


Интизор меравад, ки имрӯз дар Қирғизистон тазоҳуроти бештар баргузор шавад, бо вуҷуди ин ки мақомоти давлатӣ аз пайомадҳои сангини он ҳушдор додаанд. Рӯзи сешанбе ҳазорон нафар тазоҳуркунандагон ба бинои ҳукумати вилояти Талас ҳамла бурданд ва истеъфои Қурмонбек Боқиев-раиси ҷумҳурро тақозо карданд. Дар давоми рӯз пулиси зиддитазоҳурот бо истифода аз гази ашковар ва тирҳои резинӣ тахзоҳуркунандагонро аз бино берун ронд. Вале бо фаро расидани торикӣ тазоҳуркунандагон дубора бинои вилоятиро ба тасарруфи худ дароварданд. Дар Бишкек мақомоти интизомӣ чанд нафар аз раҳбарони мухолифон, аз ҷумла, Алмазбек Атамбаев-нахуствазири пешин ва Омурбек Тикебаев-раиси ҳизби Ата-Мекен ва раиси пешини порламонро боздошт карданд. Бан Ки Мун-ДК СММ ҷонибҳои муноқишаро ба хештандорӣ даъват кард.
XS
SM
MD
LG