Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Амрико ҳамла ба консулгариашро таъйид кард


Сафорати Амрико дар Покистон таъйид кард, ки имрӯз ба консулгарии Иёлоти Муттаҳида дар Пешовар ҳамла шудааст. Ариэл Ҳовард, сухангӯи сафорат, зимни сӯҳбат бо хабаргузории “Франс Пресс” доир ба ҷузъиёти ҳамла ва хисороту қурбониҳои эҳтимолӣ аз он ҷузъиёте ироа накардааст. Ба гуфтаи шоҳидони айнӣ, дар назди консулгарии Амрико дар шаҳри шимолуғарбии Пешовар ва қароргоҳҳои артиши Покистон, дасти кам се инфиҷори қавӣ ва ҳамчунин тирандозӣ сурат гирифтааст.
XS
SM
MD
LG