Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Тирандозии иштибоҳӣ ва пурқурбонӣ дар Қундуз


Нирӯҳои Олмон дар як посгоҳ дар вилояти Қундуз дар шимоли Афғонистон 6 сарбози афғонро иштибоҳан чирикӣ пиндошта, онҳоро ба ҳалокат расондаанд. Волии Қундуз Муҳаммадумар гуфт, асокири Урдуи давлатӣ замоне кушта шуданд, ки аз Чордара, як гӯшаи ошӯбзадаи ин вилоят тавассути мошин ба шаҳри Қундуз бармегаштанд.
Низомиёни Олмон ҳалокати 5 сарбози афғонро таъйид карда гуфтанд, ки онҳо савори мошинҳои ғайринизомӣ буданд ва аз итоат ба амри истодан дар посгоҳ сар печидаанд.
Олмон дар шимоли Афғонистон ҳудуди 4500 сарбоз дорад
XS
SM
MD
LG