Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Радду бадалҳо доир ба фаъолияти Талко


Гурӯҳе аз вакилони мардумии Ӯзбакистон, Тоҷикистонро ба он муттаҳам кардаанд, ки барои покизагии ҳифзи муҳити зист аз олудагиҳои корхонаи Талко кӯшиш намекунад. Дар гузориши ҳафтадақиқаи телевизиони давлатии Ӯзбакистон, ки рӯзи якуми апрел нашр шудааст, Олим Оқилов, Алишер Ҷумъаев, Улуғбек Ҷалменов, гуфтаанд, ки бо вуҷуди он ки корхонаи Талко, вазъи муҳити зисти ноҳияҳои ҳаммарзи Ӯзбакистонро олуда мекунад, аммо Тоҷикистон ин масъаларо нодида мегирад. Аммо Зайнулобиддин Кобулиев - мудири Пажӯҳишгоҳи масоили обу гидроэнержӣ ва муҳити зисти Тоҷикистон дар вокуниш ба чунин иддаъоҳо гуфтааст, корхонаи Талко ягона корхонаи муҷаҳҳаз бо таҷҳизоти муосир дар Осиёи Марказӣ аст, ки беш аз меъёр олудагӣ хориҷ намекунад. Назира Рустамова, намояндаи Маркази пажӯҳишҳои стротежии тобеъи раёсати ҷумҳури Тоҷикистон, гуфтааст, вазъи муҳити зисти Ӯзбакистонро, на корхонаи Талко, балки корхонаҳои саноатии дохилӣ, бахусус корхонаҳои истихроҷи газу нафт олуда мекунанд.
XS
SM
MD
LG