Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Кроулӣ: "Вошингтон арзёбии Карзайро қабул надорад"


ИМА иттиҳоми раисиҷумҳури Афғонистон Ҳомиди Карзай дар мавриди дар тақаллубу қонуншиканиҳо дар интихоботи раёсатҷумҳурӣ даст доштани намояндагони кишварҳои хориҷиро рад кард. Филипп Кроулӣ, намояндаи вазорати умури хориҷаи Амрико гуфт, ки “мо ин гуна арзёбиро қабул надорем”.
Дирӯз Ҳомид Карзай дар мулоқот бо аъзои Комиссиюни мустақили интихоботии кишвар дар Кобул изҳор намуд, ки дар интихоботи раёсатҷумҳурӣ ва шӯроҳои вилоятӣ дар моҳи августи соли гузашта тақаллуб ҷой дошт ва аммо, афзуд ӯ, "ин тақаллубро афғонҳо накарданд". Раисиҷумҳури Афғонистон ангушти иттиҳом сӯи муовини пешини дафтари СММ дар Кобул Питер Гэлбрайт ва раиси ҳайати Иттиҳодияи Аврупо дар интихобот Филлип Мириёон кард ва ҳамзамон аз Комиссиюни мустақили интихобот ситоиш намуд.
Питер Гэлбрайт дар сӯҳбат бо хабаргузории Франс Пресс изҳороти Карзайро чун “ҳазли якумиапрелӣ” арзёбӣ намуд ва ӯро “шарики беэътимод” номид.
XS
SM
MD
LG