Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ифтитоҳи анҷумани кӯмакрасонҳои Ҳаитӣ дар СММ


Дабири кулли СММ Бан Кӣ Мун имрӯз дар ифтитоҳи анҷумани кӯмак ба Ҳаитӣ аз кӯмакрасонҳо даъват кард, барои бунёди “ояндаи беҳтар” дар ин кишвари зилзилазада дасти ёрии худро дареғ надоранд. Ҳадафи ин ҳамоиш, ки дар қароргоҳи СММ дар Ню-Йорк бо ширкати намояндагони беш аз 100 кишвар ва созмонҳои байналмилалӣ оғоз ёфт, ҷамъоварии 3 миллиарду 800 миллион доллар кӯмак барои 2 соли оянда ба Ҳаитист.
Ҷамъи маболиғи лозим барои эъмори муҷаддади ин кишвари ҳавзаи Кариб барои 10 соли оянда 11,5 миллиард доллар баровард шудааст. Бар асари заминларзаи рӯзи 12 январ дар Ҳаитӣ беш аз 220 000 нафар ҳалок шуда ва 1 миллиону 300 ҳазор нафар бесарпаноҳ монданд.
XS
SM
MD
LG