Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

5 гумонбар дар қатли хабарнигор Павлюк


Омурбек Текебоев, раҳбари ҳизби Ота Макон, як ташаккули мухолифини қирғиз, гуфт, мақомоти тафтишотӣ дар шаҳри Қордайи Қазоқистон ба ӯ аксҳои 5 нафари гумонбар дар қатли хабарнигори қирғизистонӣ Геннадий Павлюкро намоиш додаанд ва ӯ аз миёни онҳо як корманди Хадамоти амнияти миллии Қирғизистонро шинохтааст.
Геннадий Павлюк моҳи декабри гузашта дар Алма-Ато ба таври мармуз аз як сохтмони чандқабата бо дасту пои баста ба замин партофта шуд ва баъди 6 рӯз дар бемористон даргузашт.
Сухангӯи хадамоти амнияти миллии Қирғизистон аммо гуфтааст, мақомоти қазоқ дар иртикоби қазияи кушта шудани Павлюк бо онҳо тамос нагирифтаанд.
XS
SM
MD
LG