Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Истиқболи ИА аз қатъномаи парлумони Сербистон


ИА аз қарори парлумони Сербистон, ки барои қатли омми мусалмонон дар Сребренитса маъзарат хост, истиқбол кард. Парлумони Сербистон субҳи имрӯз қатъномаеро тасвиб кард, ки куштори ҳудуди 8000 мусалмон дар Сребренитса бо дасти нирӯҳои серби Буснӣ дар соли 1995-ро маҳкум мекунад.
ИА дер боз боздошт ва ба додгоҳи байналмилалии Ҳейг супурдани Радко Младич, фармондеҳи вақти нирӯҳои серби Бусниро талаб дорад. Бовар меравад, Младич, ки ба ҷиноёти ҷанг, аз ҷумла дар қатли омми Сребренитса айбдор мешавад, дар Сербистон паноҳ бурдааст.
XS
SM
MD
LG