Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Нашри натоиҷи тафтишоти марги Бҳутто мутаваққиф шуд


Созмони Милали Муттаҳид нашри натоиҷи тафтишоти мустақили сабабҳои ҳалокати сарвазири пешини Покистон Беназир Бҳутторо то рӯзи 15 апрел мавқуф гузошт. Хонум Бҳутто моҳи декабри соли 2007 бар асари сӯиқасд дар шаҳри Равалпиндӣ кушта шуда буд. Бан Ки Мун, Дабири Кулли СММ дар бораи мавқуф гузоштани эълони натоиҷи тафтиши сабабҳои ҳалокати Беназир Бҳутто бо хоҳиши Осиф Алӣ Зардорӣ, ҳамсари хонум Бҳутто, тасмим гирифтааст. Қарор буд, ки натиҷаи тафтишот имрӯз, 31 март, нашр шавад.
Ҳанӯз сабаби дархости раисиҷумҳури Покистон барои мавқуф гузоштани эълони натиҷаҳои тафтишот маълум нест. Доир кардани тафтишоти мустақили ҳалокати Бҳутторо мақомоти Покистон ду сол пеш баъд аз он талаб карда буданд, ки дар бораи даст доштани атрофиёни раисиҷумҳури пешин Парвиз Мушарраф дар ин ҳодиса сару садоҳо баланд шуданд.
XS
SM
MD
LG