Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Масдуд шудани хадамоти мобайли Google дар Чин


Ширкати интернетии Google имрӯз гуфт, 2 рӯз боз хадамоти мобайлаш дар Чин қисман масдуд шудааст. Ин дар ҳолест, ки ин ширкат ахиран сомонаи ҷустуҷӯҳои интернетиаш дар Чинро баста, ҷӯяндагонро акнун ба сомонаи дигараш, ки дар Ҳонгконг асос ёфтааст, раҳнамоӣ мекунад. Google рӯзи 22 март бо изҳори нигаронӣ аз сонсури матолибаш эълон кард, ки хадамоти ҷустуҷӯҳои интернетиаш бо забони чиноиро аз Чин берун мекашад.
XS
SM
MD
LG