Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҳалокати як раҳгузар дар таркише дар Афина


Шоми якшанбе дар Афина, дар канори донишгоҳи ходимони давлатии Юнон, инфиҷор рӯх дод, ки бар асари он як раҳгузар ба ҳалокат расида, як духтараки хурдсол маҷрӯҳ шудааст. Ба гуфтаи табибон, айни ҳол ба ҳаёти кудак хатаре таҳдид намекунад. Ин нахустин таркиш дар Афина нест – рӯзҳои ахир, дар канори бонку муассисаҳои давлатӣ чандин бор инфиҷор ба амал омадааст. Ба иттилоъи мақомоти полис, инфиҷорҳо кори дасти анархистҳо ва гурӯҳҳои чапгарои кишвар аст.
XS
SM
MD
LG