Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Тазоҳуроти мардуми норозӣ дар Русия


Ҳазорон нафар дар саросари Русия имрӯз алайҳи афзоиши қимати хадамоти коммуналӣ эътироз карданд. Бино ба гузориши радиои Эхо Москви, ҳудуди 1500 нафар аксаран, тарафдори коммунистҳо дар шаҳри шимолии Архангелск ва 600 нафар дар шаҳри Южно-Сахалинск, воқеъ дар шарқи дур раҳпаймоӣ кардаанд. Ба гуфтаи телевизиони РЕН Тиви, 1500 нафари дигар дар шаҳри Алтайск дар минтақаи Олтойи ҳаммарз бо Қазоқистон тазоҳуроти эътирозӣ баргузор кардаанд. Як рӯз пеш аз ин, садҳо нафар аз тарафдорони коммунистҳо дар Русия дар шаҳри Маскав алайҳи афзоиши қимати хадамоти комунналӣ эътироз карда ва хостори истеъфои ҳукумати Владимир Путин шуданд.
XS
SM
MD
LG